ABNA24 : Сарлашкари посдор Муҳаммади Боқирӣ, раиси Ситоди кулли нерӯҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии исломии Эрон рӯзи чаҳоршанбе, дар ойини эътои нишони “Шифо” -и эҳдоии фармондеҳи муаззами кулли қуво ба шуҳадои мудофеи саломат ва фармондеҳону коркунони фаъоли Нерӯҳои мусаллаҳ дар муқобила бо корона гуфт: Нерӯҳои мусаллаҳ лаҳзае дар арсаи муқобила бо корона ғафлат накарданд.
Сарлашкар Боқирӣ афзуд: Ба намояндагӣ аз фармондеҳи муаззами кулли қуво дар ин маросим, ҷиҳати эътои нишон ва қадрдонӣ ҳузур дорам.
Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ бо ишора ба ҳузури пуршукӯҳи мардум дар ҳамосаи интихоботи 28 хурдод гуфт: 28 хурдод ҳамосаи дигаре аз ҳузури огоҳонаи миллати Эрон буд, ки ба кӯрии чашми душманон вориди арса шуданд ва бо басират сарнавишти кишварро таъйин карданд. Сарлашкар Боқирӣ афзуд: Миллати Эрон, ки дар дифои муқаддас ва дигар саҳнаҳо сахт обдида ҳастанд, тавонистанд ба хубӣ бо масъулиятпазирӣ ва таомул, бо бахши беҳдошту дармони кишвар, бар ин мушкил пирӯз оянд ва сарбаланд дар ин арса ба талоши худ идома диҳанд.
Раиси Ситоди кулли Нерӯҳои мусаллаҳ бо ишора ба таҳримҳои золимонаи душманон гуфт: Бо вуҷуди тамомии таҳримҳои ҷинояткорона, ки ҳатто ҳавзаи беҳдошту дармонро низ дар бар мегирифт, дар кишвар ҳатто як рӯз ҳам пеш наомад, ки беморе дучори сардаргумӣ ё камбуди имконот ва ё тахти бемористонӣ шавад.
342/